تبليغاتX
OINA - آئينه - ОИНА

OINA - آئينه - ОИНА

فصلنامه فرهنگی دانش پژوهان تاجیک *-* Нашрияи фарҳангии Донишҷуёни Тоҷик

فاتحت الأمر

بِسْمِ اللَّهِ الرَّحْمَنِ الرَّحِيمِ
;
الْحَمْدُ لِلَّهِ رَبِّ الْعَالَمِينَ * الرَّحْمَنِ الرَّحِيمِ * مَالِكِ يَوْمِ الدِّينِ * إِيَّاكَ نَعْبُدُ وَإِيَّاكَ نَسْتَعِينُ*
 اهْدِنَا الصِّرَاطَ الْمُسْتَقِيمَ * صِرَاطَ الَّذِينَ أَنْعَمْتَ عَلَيْهِمْ غَيْرِ الْمَغْضُوبِ عَلَيْهِمْ وَلَا الضَّالِّينَ
+ نوشته شده در  13 Aug 2010ساعت 12:18  توسط : سـبـرا= Танзим: Мудири ВЕБ/Ф.Д.Т Сабра  | 

فراخوان مقاله (آئینه)

ФАСЛНОМАИ ОИНА ДАР НАЗАР ДОРАД ДАР ШУМОРАИ НАВБАТИИ ХУД АЗ МАКОЛАҲОИ ИЛМИЮ ФАРҲАНГИИ ЧАВОНОНИ ТОЧИКИ ДОНИШЧУ ВА ДОНИШПАЖУҲ ИСТИФОДА НАМОЯД

بدین وسیله از خوانندگان محترم فصلنامه آئینه دعوت می شود با ارائه نظر، مقاله و تحقیقات خود جهت نشر در شماره نوبتی در سال جدید سهم خود را در پیشبرد اهداف و برنامه های این نشریه بگزارید/ ضمنان در صورت تمایل به همکاری در هر بحش از امور فصلنامه می توانید جهت هماهنگی به مسئولین مربوطه مراجعه نمایید.


ادامه مطلب
+ نوشته شده در  26 Apr 2010ساعت 9:20  توسط : سـبـرا= Танзим: Мудири ВЕБ/Ф.Д.Т Сабра  | 

ВИЖАНОМАИ ИМОМ АБУҲАНИФА

Интишори ВИЖАНОМАИ ИМОМ АБУҲАНИФА (зер шумораи Оина) тавассути донишпажуҳони тоҷики Ҷомеат-ул Мустафо(с) ал-Оламия (Ирон-шаҳри Қум, Анчумани фарҳангии Д.П.ТҶ) ба муносибати ҳамоиш ва соли бузургдошти Имом Абуҳанифа дар Точикистон


ادامه مطلب
+ نوشته شده در  9 Oct 2009ساعت 14:4  توسط : سـبـرا= Танзим: Мудири ВЕБ/Ф.Д.Т Сабра  | 

ҳулули моҳи Рамазон

МУСАЛМОНОН

МОҲИ  ШАРИФИ РАМАЗОН МУБОРАК БОД

ماه شریف رمضان مبارک باد


ادامه مطلب
+ نوشته شده در  22 Aug 2009ساعت 5:47  توسط : سـبـرا= Танзим: Мудири ВЕБ/Ф.Д.Т Сабра  | 

فصلنامه Фаслномаи(мушаххасот) 11-12

Бо ному ёди Худованди Мутаъол ва бо Дуруду Сано бар Мухаммади Мустафо(с) ва салом бар шумо мехмонони Дафтари Фаслномаи ОИНА

Бо табрики мохи муборак ва пурбаракати ШАЪБОН ва фарорасии солрузи Милоди Ҳазрати Имом Маҳди(а) ва шаби Барот дар рузу шаби 15 Шаъбонул муъаззам

Фаслномаи - ОИНА - ба чоп расид

шумо хам метавонед матолиби онро дар ин Дафтар дарёфт кунед

با تبریک فرارسی نیمه شعبان، میلاد منجی عالم بشریت حضرت مهدی موعود(عج)

شماره جدید فصلنامه «آئینه» دانش پژوهان تاجیک به چاپ رسید


ادامه مطلب
+ نوشته شده در  11 Aug 2009ساعت 14:22  توسط : سـبـرا= Танзим: Мудири ВЕБ/Ф.Д.Т Сабра  | 

فصلنامه Фаслномаи 11-12

Дар маҳзари нур
Расули Худо(с) мефармояд:
   Агар мехоҳед, ки ҳамчун саодатмандон зиндагӣ кунед ва ҳамчун шаҳидон аз дунё биравед ва дар рӯзи ҳасрат наҷот ёбед ва дар рӯзи

Барои мутолиъаи идомаи маколот ба идомаи хамин бахш мурочеъа кунед

Дафтари Оина аз назару маколахои шумо метавонад истифода намояд!

ادامه مطلب
+ نوشته شده در  10 Aug 2009ساعت 3:10  توسط : سـبـرا= Танзим: Мудири ВЕБ/Ф.Д.Т Сабра  | 

идомаи 11-12 02

قال رسول الله (ص)

يا عَلِىُّ اِذا وُلِدَ لَكَ غُلامٌ اَو جارِيَۀٌ فَاَذِّنْ فِى اُذُنِهِ اْليُمْنى وَ اَقِمْ فِى اْليُسْرى فَاِنَّهُ لايَضُرُّهُ الشَّيْطانُ اَبَدا
  
   Эй Алӣ! Вақте соҳиби писар ё духтар шудӣ, дар гӯши росташ азон ва дар гӯши чапаш қомат бигӯ, ки барои ҳамеша аз газанд ва зарари шайтон дар амон хоҳад буд


ادامه مطلب
+ نوشته شده در  10 Aug 2009ساعت 1:20  توسط : سـبـرا= Танзим: Мудири ВЕБ/Ф.Д.Т Сабра  | 

идомаи 11-12-03

Ба муносибати солгарди марҳум ҳазрати Устод Сайид Абдуллоҳ Нури(р)

            Буда марде, ки замона мисли ӯро дида кам,

                   Модари  даврон  чу ӯ кам бинад аз мо баъди ин.

            Буда Луқмони замону сад ҳаким шогирди ӯ,

                  Ғамбарори   мардуму   рофеъи   дилҳои   ҳазин.

            Рӯзгорашро зи баҳри хидмати мо сарф кард,

                  То ки сайёди  аҷал бар ҷони ӯ шуд дар камин


ادامه مطلب
+ نوشته شده در  8 Aug 2009ساعت 2:28  توسط : سـبـرا= Танзим: Мудири ВЕБ/Ф.Д.Т Сабра  | 

фаслномаи 11

بسمه تعالی

با سلام بر شما خوانندگان عزیز

به زودی شماره 11 و 12 فصلنامه « آئینه » دانش پژوهان تاجیک چاپ خواهد شد
شما هم می توانید به زودی متن آن را در این دفتر مشاهده نمایید

Салом хонандагони азиз!

Ба зуди « ОИНА 11-12» нашрияи донишчуёни Точик чоп хоҳад шуд
/
метавонед баъд аз чоп матни комили онро дар ин дафтар мушоҳида намоед

+ نوشته شده در  25 Apr 2009ساعت 9:57  توسط : سـبـرا= Танзим: Мудири ВЕБ/Ф.Д.Т Сабра  | 

Фаслномаи 10

Ба номи номии Худои Алим

Ба лутфу карами Худованди Алим
ва ҳамкорию ҳамёрии бародарони азиз
дар тобистони 2008 ва рузҳои мубораки
моҳи шарифи Рамазон
шумораи 10
Фаслномаи
Донишчуёни Точикистон
ОИНА
ба чоп расид

Шумоҳам метавонед матни онро аз ин дафтар дарёфт кунед

در ماه مبارك رمضان و ماه ضيافت الله
در پرتو عنايات حضرت دوست
با تلاش و كوشيش دوستان عزيز
شماره 10 فصلنامه علمي-فرهنگي
آئينه
به چاپ رسيد

ادامه مطلب
+ نوشته شده در  6 Oct 2008ساعت 15:52  توسط : سـبـرا= Танзим: Мудири ВЕБ/Ф.Д.Т Сабра  | 

عيد فطر

بسمه تعالي
الهم صل علي محمد و آل محمد(ص)

Бо орзуи қабулии намоз ва Рузаи тамомии ҳамватанони азиз
фаро расии Иди Саъиди Фитрро ба ҳаммаи шумо табрик баён менамоем

به اين وسيله از طرف گروه تحريريه نشريه دانش پژوهان تاجيك - فصلنامه آئينه
فرا رسي عيد سعيد فطر را به همه مسلمين جهان تبريك عرض مي نماييم

Бо эҳтиром мудири Дафтар/Ф.Д.Т/ аз тарафи гуруҳи таҳририяи Фаслномаи ОИНА
+ نوشته شده در  30 Sep 2008ساعت 17:48  توسط : سـبـرا= Танзим: Мудири ВЕБ/Ф.Д.Т Сабра  | 

моҳи мубораки рамазон

بسمه تعالی
الهم صل علی محمد و آل محمد
ماه مغفرت و نعمت، ماه عبادت و رحمت، ماه مبارک رمضان
بر همگان مبارک باد
Бо номи Худо
Дуруд бар Паёмбари Сулҳу Сафо
МОҲИ МУБОРАКИ РАМАЗОН БАР ҲАММАИ МУСУЛМОНОНИ ЧАҲОН
ВА БА ХУСУС БАР МАРДУМИ ТОЧИКИСТОН МУБОРАК БОД
+ نوشته شده در  25 Sep 2008ساعت 12:11  توسط : سـبـرا= Танзим: Мудири ВЕБ/Ф.Д.Т Сабра  | 

Шаҳодати Али(а

شهادت مولاي متقيان امير مومنان
حضرت علي بن ابي طالب(ع)
تسليت باد
21 Рамазон рузи шаҳодати Имоми Муъминон Али ибни Абитолиб(каррам-Аллоҳу вачаҳаҳ)- ро бар шумо мардуми мусулмон таслият баён мекунем
Иншоаллоҳ дар даҳаи севвуми ин моҳи муборак ва дар шабҳои Қадр мо ва дигар мусулмонони оламро дуъои нек хоҳед намуд
Худованд ҳаммаи моро аз пайравони воқеи ва ҳақиқии Паёмбараш ва Асҳобу Аҳли байти Солиҳаш қарор диҳад
ОМИН
+ نوشته شده در  24 Sep 2008ساعت 18:3  توسط : سـبـرا= Танзим: Мудири ВЕБ/Ф.Д.Т Сабра  | 

Мақоми Паёмбар(С) ва Анбиё (а *ف ش/ Ф ш / 10*

  Бисёре аз оёти Қуръон баёнгари ин ҳақиқатанд, ки Паёмбари Аъзам(с) бар дигар паёмбарон(а) бартарӣ дорад ва ончиро, ки анбиё(а) аз Худованд дархост мекарданд, Худованд он чизҳоро бе он ки паёмбар дархост кунад ба Паёмбари Акрам(с) додааст. Дар ин навиштор намунаҳое аз он чи баён шуд пешкаши шумо мегардад.

1- Ҳазрати Одам(а) талаби мағфират кард.
«وَإِن لَّمْ تَغْفِرْ لَنَا».

ادامه مطلب
+ نوشته شده در  17 Sep 2008ساعت 13:38  توسط : سـبـرا= Танзим: Мудири ВЕБ/Ф.Д.Т Сабра  | 

Зиндагонии Имом Зайнулобидин(а *ف-ش/ Ф-ш / 10*

    Имом Зайнулобидин (а), фарзанди баруманди Имом Ҳусайн ибни Алӣ ибни Абитолиб, бино ба қавли машҳур дар нимаи ҷамоди-ул-охири соли 38 ҳ.қ. дида ба ҷаҳон кушод . Номаш Алӣ, куняи машҳураш Абулҳасан  ва лақабҳои машҳураш Зайнулобидин ва Саҷҷод аст. Он ҳазрат ду сол аз даврони пешвоии Имом Алӣ(а), даҳ сол аз даврони пешвоии Имом Ҳасан Муҷтабо(а) ва даҳ сол аз пешвоии падари бузургвораш Имом Ҳусайн(а)-ро дарк кардааст. Худаш ба муддати 35 сол вазифаи пешвоӣ ва ҳидояти ҷомеаи исломиро бар ӯҳда дошт . Имом дар синни 57 солагӣ дар ҳудуди соли 95ҳ.қ.  вафот ёфтааст. 

ادامه مطلب
+ نوشته شده در  17 Sep 2008ساعت 13:33  توسط : سـبـرا= Танзим: Мудири ВЕБ/Ф.Д.Т Сабра  | 

Манобеи Ҳадис *ف-ش/ Ф-ш / 10*


Аҳамияти ошноӣ бо манобеи ҳадисӣ
  Пас аз Қуръони Карим суханони Паёмбари Акрам(с), ки бо номи  "ҳадис" ё "ривоят" маъруфанд, ҳидоятгар ва роҳнамои мусулмонон мебошанд.
  Ҳадисҳои Паёмбар(с) дар китобҳои фаровоне гирдоварӣ шудааст. Касоне, ки ин ҳадисҳоро ҷамъоварӣ кардаанд, заҳмату ранҷҳои зиёде кашидаанд, то ин суханони роҳнамо аз байн нараванд ва ба наслҳои оянда бирасанд. Ҳамаи қонунҳо ва аҳкоми Ислом дар Қуръони Карим зикр нашудааст ва хеле аз аҳком дар ҳадису ривоятҳо баён шудааст. Бинобар ин, суханони Паёмбар(с) тафсиркунанда ва комил-кунандаи Қуръон ба шумор меоянд ва агар мо аз он ғофил шавем, дар ҳақиқат хеле аз аҳкоми дини худро аз даст хоҳем дод.
   Аз ин рӯ маҷаллаи Оина қасд дорад бо муаррифии китобҳои муътабар ва муҳимми ҳадисӣ, саҳме дар ошно намудани мардум бо ин манобеъ ва тадвинкунандагони он дошта бошад. Бо умеди онки ҳамроҳ бо ошноӣ бо китобҳои ривоӣ дар амалӣ кардани суннати Паёмбари Аъзам(с)  ҳам бикӯшем ва пайрави воқеии он ҳазрат(с) бошем.
Иншоаллоҳ
+ نوشته شده در  17 Sep 2008ساعت 13:19  توسط : سـبـرا= Танзим: Мудири ВЕБ/Ф.Д.Т Сабра  | 

Имом Термизи *ف-ش/ Ф-ш / 10*

Зиндагиномаи имом  Тирмизӣ
   Абуисо Муҳаммад ибни Исо ибни Сурат ибни Заҳҳоки Сулламии Буғии Тирмизӣ дар соли 209 ҳ.қ дар рустои Буғ, ки яке аз рустоҳои шаҳри Тирмиз  мебошад ба дунё омад. Кунияаш Абу Исо ва машҳур ба Тирмизӣ аст. Баъзе гуфтаанд, ки ӯ нобино ба дунё омадааст, аммо Ибни Касир мегӯяд,  ки аз ҳоли Тирмизӣ маълум мешавад ӯ баъд аз ин ки барои ҷамъоварии аҳодис мусофират кард  ва ҳадис шунид ва китоб таълиф кард нобино шуд. Ва сухани дуруст он аст, ки ӯ дар даврони пирӣ нобино шуд.  Дар бораи кӯдакӣ ва навҷавониаш чизе баён нашудааст. 

ادامه مطلب
+ نوشته شده در  17 Sep 2008ساعت 13:17  توسط : سـبـرا= Танзим: Мудири ВЕБ/Ф.Д.Т Сабра  | 

Устод Мустафо Исмоил *ف-ش/ Ф-ш / 10*

   Устоди бузурги қироат Мустафо Исмоил  яке аз қориёни маъруф ва нобиғаи илми қироати Қуръон дар ҷаҳони Ислом аст, ки каломи Худоро бо оҳанги бисёр латифу дилнишин ва бо лаҳни мувофиқ бо маънию мафоҳими илоҳӣ тиловат мекунад. Ӯ  устоди  беназирест, ки дар фанни қироат сабки махсус ва мумтоз дорад.
   Ӯ мардест, ки ҳамаи  қориёни  ҷаҳон дар остони пур аз маънавияташ сари таъзим фуруд меоваранд ва ба ӯ ишқ меварзанд. 

ادامه مطلب
+ نوشته شده در  17 Sep 2008ساعت 13:14  توسط : سـبـرا= Танзим: Мудири ВЕБ/Ф.Д.Т Сабра  | 

Камфруши ва камфрушон *ف-ش/ Ф-ш / 10*

  Камфурӯшӣ яке аз гуноҳони кабира аст ва ҳаром буданаш аз тариқи Қуръон ва суннат исбот шудааст.
  Қуръони Маҷид барои камфуруш ошкоро ваъдаи азоби шадид додааст ва  як  сураи Қуръони Маҷид бо номи Мутаффифин (камфурушон) махсуси ин мавзӯъ аст. Худованд дар ин сура  мефармояд: "Вайл" бар кам фурӯшон аст. (Вайл номи чоҳе аст дар дӯзах ва низ калимаи ҷомеи ҳамаи бадиҳо аст, яъне анвои азобу итоб ва сахтӣ ва ранҷ насиби камфурӯшон аст). Онҳое, ки вақте аз мардум чизе мехаранд паймонаро барои худ тамом ва ба зиёдатӣ мегиранд ва ҳар гоҳ барои мардум бо тарозу ва паймона чизе мефурӯшанд кам медиҳанд (ва ба онон зарар мезананд). 

ادامه مطلب
+ نوشته شده در  17 Sep 2008ساعت 13:12  توسط : سـبـرا= Танзим: Мудири ВЕБ/Ф.Д.Т Сабра  | 

Назорати Илоҳи *ف-ش/ Ф-ш / 10*

   Он рӯз имтиҳони забони англисӣ  доштем. Муаллима Амирӣ гуфт: Бачаҳо! Имрӯз ба лабароторияи забон меравем ва имтиҳон низ ҳамон ҷо баргузор мешавад. Ҳама ба лабаротория рафтем. Варақаҳои имтиҳонӣ  ба донишомӯзон дода шуд. Хонум Амирӣ бо хати сабзранг бар рӯи тахта навишт: “أَلَمْ يَعْلَمْ بِأَنَّ اللهَ يَرَي” Оё инсон намедонад, ки Худо ӯро мебинад.     Пас аз он ба пушти мизаш нишаст ва китобчаеро аз ҷайбаш бароварду машғули мутолеа шуд. Чун дарси забони англисиам хуб буд ва дугонаҳоям ба кӯмаки ман ниёз доштанд бо ҳам маслиҳат карда будем, ки пинҳонӣ ба дӯстонам кӯмак кунам. Ваъдаҳои зиёде бароям дода буданд. Шумораҳои савол бо аломати даст ва ангушт маълум мешуд ва ҷавоби дурустро бо зарбаҳои пошнаи кафшам ба замин мефаҳмондам. 

ادامه مطلب
+ نوشته شده در  17 Sep 2008ساعت 13:9  توسط : سـبـرا= Танзим: Мудири ВЕБ/Ф.Д.Т Сабра  | 

Эътиёди интернетӣ *ف-ش/ Ф-ш / 10*

Муқаддима                                                           
   Чашмонаш  варам карда аст. Чеҳрааш хаста аст. Вақте, ки ҳама хобанд ӯ бедор аст ва вақте ҳама бедоранд ӯ хамёза мекашад. Дар корҳояш ҳавосаш ҷамъ нест. Ҳавсала надорад, ки бо атрофиён бинишинад. Дилаш мехоҳад зудтар аз канори дигарон бигузарад ва ба ҳуҷрааш бирасад то ба назди тугмаҳое, ки ӯро ба худ мехонанд ва  ба даричае, ки чеҳрае аз дунёро ба ӯ нишон  медиҳад бирасад. Ӯ бесаброна мунтазири ин дунёи маҷозӣ аст. Ӯ ҳамаи аломатҳои як муътодро дорад. Ӯ як муътоди интернетӣ аст. 

ادامه مطلب
+ نوشته شده در  17 Sep 2008ساعت 13:7  توسط : سـبـرا= Танзим: Мудири ВЕБ/Ф.Д.Т Сабра  | 

Нигоҳе ба шахсияти Мавлавӣ *ف-ش/ Ф-ш / 10*

   Бузургӣ ва барҷастагии шахсияти Мавлоно дар дунёи имрӯз бар ҳеҷ касе пӯшида нест. Осори арзишманди ӯ қалбҳои ҷӯяндагони илму маърифатро дар шарқу ғарби ҷаҳон шефтаи худ сохтааст ва имрӯза мо аз ҷо-ҷои ин ҷаҳони паҳновар сухан аз Мавлавӣ ва Маснавӣ мешунавем.
  Ҷалолуддин ибни Баҳоуддин Султон-ул-уламо Валад ибни Ҳусейн ибни Аҳмади Хатибӣ, шоир ва мутафаккири форсизабон дар таърихи рабеъ-ул-аввал 604 ҳ. қ. (30 сентябри 1208 м.) дар шаҳри Балх   - наздики марзи Афғонистон ва Тоҷикистони имрӯзӣ – ё дар ҳудуди солҳои 600 – 607 ҳ. қ. 1204 – 1210 м. дар шаҳри Вахш,  ки имрӯза аз навоҳии Тоҷикистон аст – таваллуд шудааст.   

ادامه مطلب
+ نوشته شده در  17 Sep 2008ساعت 13:3  توسط : سـبـرا= Танзим: Мудири ВЕБ/Ф.Д.Т Сабра  | 

Тараннуми эҳсос *ف-ش/ Ф-ш / 10*

Ба манзури истифода аз илҳом ва завқи адабӣ ва шукуфоии истеъдодҳои бародарони азиз, “Оина” қасд дорад аз ин ба баъд гӯшаеро бо унвони “Тараннуми эҳсос”
барои ашъор ва сурудаҳои бузургон ва дӯстон ҷудо кунад.
Умедворем боиси шодии хотири шумо гардад
+ نوشته شده در  17 Sep 2008ساعت 12:58  توسط : سـبـرا= Танзим: Мудири ВЕБ/Ф.Д.Т Сабра  | 

Нигини Ҳидоят(шеър *ف-ش/ Ф-ш / 10*

نگين هدايت

اي شهنشاه وجود و رحمتي بر عالمين
اي سفيران علمدار هدايت را نگين

راه تو راه خدا نور است و از ظلمت جدا
علت كون و مكان و پيشواي متقين

اي  اميد جمله امت شافع روز جزا
دست رحمت باز كن تا وصل فردوس برين

شوكت و نصرت ز حق زيبنده شان تو شد
بهر ابلاغ رسالت خادمت روح الامين

پيرويت ضامن آرامش قلب من است
ورنه شيطان و هواي نفس باشد در كمين

آرزومند و گداي درگه كوي توييم
تا به گرد خاك پاك تو بگرديم همنشين

هست جولانگاه تو ملك و ملايك ناتوان
تا حضور واحد قادر تورا باشد قرين

گشت با يك نيم نگاه تو مه تابان دو نيم
بر زبان آمد به تصديق تو موجود زمين

قدرت يزدان تورا حافظ به تار عنكبوت
تا قيامت هست اعجاز تو قرآن مبين

صبح صادق وعده اش قرآن ناطق همرهش
تا فرو ريزد به اذن حق بساط كفر و كين

بي عدد بر تو درود و رحمت حق تا ابد
احمد و محمود حق اي نامدار نازنين

   سلام الدين محمد امين
 

ادامه مطلب
+ نوشته شده در  17 Sep 2008ساعت 12:56  توسط : سـبـرا= Танзим: Мудири ВЕБ/Ф.Д.Т Сабра  | 

Сафири Сулҳ (шеър *ف-ش/ Ф-ш / 10*

سـفـير صــلـح

رسول حق - محمد(ص)  شافع روز جزا   باشد،
شفيع  انس و  جن  و  پادشاهان و گدا   باشد.

شه "لولاك" اگر از خُلق هر كه شادمان گردد،
به تحقيق هم سعادتمند  به  درگاه  خدا  باشد.

هرآن كه طالب قرب الاه  و جنتِ  عُليا  است،
مي  بايد  حبيب   احمد  و  آل   عبا   باشد.

مشو مغرور اين دنيا و زرق و برق او امروز
تـنعُّم  بهر  اغيار  و  محبان را  بلا   باشد.

حسين تشنه لب گر كشته شد در نينوا، ای كاش
نبايد كرد محزون  قلب  احمد،  اين  خطا  باشد.

هرآن  كه  زنده  كرد  ياد  شهيدان  حسينی را
رضای ذوالجلال كسب و قرين مصطفی باشد.

بود كسب  رضای  حضرت  ايزيد  بسی  آسان،
و نيز  ياد  خداوند  اين  حقيقت را  گوا  باشد.

هرآن كه ياد حق در صبح وشام احيا كند، حقا
شفيعش مصطفی و درخور لطف و عطا باشد.

برای وصف احمد را  شمردن  لطف  حق  بايد،
ديگر علم عميق و زهد و  هم  كلك  رسا  باشد.

ولی در وصف آن شه اين بود حرف من مسكين:
"سفير صلح و  وحدت  حامی مهر و وفا  باشد".

محمد علي صفري
+ نوشته شده در  17 Sep 2008ساعت 12:53  توسط : سـبـرا= Танзим: Мудири ВЕБ/Ф.Д.Т Сабра  |